Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Ҷон Керрӣ дар Сенат барои вазирӣ ба саволҳо посух медиҳад


Ҳилларӣ Клинтон ва Ҷон Керрӣ

Ҳилларӣ Клинтон ва Ҷон Керрӣ

Интизор меравад, ки Ҷон Керрӣ-сенатори демократ ва номзади пешниҳодкардаи Барак Обама ба мақоми вазири ояндаи корҳои хориҷаи Амрико муқаррар шавад. Вай имрӯз дар Сенат ба суолҳо посух хоҳад дод.

Интизор меравад, ки номзадии вай дар Кумитаи равобити хориҷии Сенат ба осонӣ қабул шавад. Вай дар чаҳор соли ахир раҳбарии ин кумитаро бар уҳда дошт.

Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико, ки акнун аз мақомаш канор меравад ҳамроҳ бо Элизабет Ворен-сенатори Массачусеттс-зодгоҳи Ҷон Керрӣ ва сенатор Мак Кейн ба таври расмӣ Ҷон Керриро муаррифӣ мекунанд.

Ҷон Керрӣ ва Мак Кейн ҳарду собиқадори ҷанги Ветнам мебошанд ва ҳар ду номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико пешбарӣ карда буданд, вале муваффақ нашуданд. Ҷон Керрӣ 5 давра дар Массачусеттс сенатор буд.
XS
SM
MD
LG