Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон эътирозгарон мошинҳо ва хонаҳоро оташ заданд



Шоми чаҳоршанбе дар Исмоиллӣ
Шоми чаҳоршанбе дар Исмоиллӣ
Ҳазорон нафар мардум дар Озарбойҷон мошинҳо ва хонаҳо, аз ҷумла меҳмонсаро ва хонаи раиси минтақаро ба оташ кашиданд.

Хабарнигори бахши озарии радиои Озодӣ мегӯяд, мақомот ба минтақаи нооромӣ, яъне ба минтақаи Исмоиллӣ дар 150 километрии шимоли ғарби Боку нируҳои иловагӣ фиристодаанд. Шоми чаҳоршанбе дар он ҷо нооромӣ рух додааст.

Тазоҳуркунандагон истеъфои Низомӣ Алекберов-ҳокими маҳаллиро талаб кардаанд. Ин нооромӣ аз он сарчашма гирифтааст, ки як ҳодисаи нақлиётӣ рух додааст ва дар он мошини соҳиби меҳмонсарои “Чироғ” осеб дидааст.

Сокинон аз мақомоти маҳаллӣ тақозо кардаанд, ки ин меҳмонсароро бибанданд, зеро он гӯё ба “фоҳишахона” табдил ёфтааст. Вале мақомот ин дархостҳоро нодида гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG