Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон 37 дарсади урани ҷаҳонро истихроҷ кардааст


Қазоқистон, ки ҳоло аз лиҳози истихроҷи уран дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст, дар бораи рекорди нави истихроҷи уран дар соли гузашта гузориш додааст.

Қазатомпром рӯзи панҷшанбе гузориши нави худро ба табъ расонд ва дар он гуфта мешавад, ки соли 2012 ин кишвар 20 900 тон уран истихроҷ кардааст, дар ҳоле, ки дар соли 2011 ин рақам 19 400 тонро ташкил медод.

Бино ба ин гузориш, соли 2012 Қазоқистон 37 дарсади урани ҷаҳонро истихроҷ кардааст. Қазоқистон қисмати бештари урани худро ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Ҳиндустон мефурӯшад.

Ҳоло Қазоқистон барномаи наверо оғоз кардааст ва мехоҳад коркарди уранро аз истихроҷ то ба табдил додани он ба сӯхти ҳастаӣ барои реакторҳо худаш анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG