Пайвандҳои дастрасӣ

Қарордоди Тоҷикистону Русия бояд баъд аз 60 рӯзи имзо иҷро шавад


Тоҷикистон ба Маскав замонат додааст, ки сӯзишвориеро, ки аз Русия мегирад, ба кишвари севвум нахоҳад фурӯхт. Шералӣ Гул-вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт, ки кишвараш ба реэкспорт ё фурӯши сӯзишворӣ ба кишвари севвум имкон нахоҳад дод.

Интизор меравад, ки моҳи феврал Тоҷикистон дар бораи хариди як миллион тон сӯзишвории бидуни боҷ аз Русия бо ин кишвар қарордод имзо кунад.

Ба гуфтаи вазир, ин қарордод дар ҷараёни боздиди Игор Шувалов-муовини нахуствазири Русия аз Тоҷикистон имзо мешавад ва қарордод бояд дар муддати 60 рӯзи баъд аз имзо иҷро шавад.
XS
SM
MD
LG