Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз ҷавонони бесаробон мегӯянд, баъд аз хатми мактаб-парваришгоҳ намедонанд ба куҷо раванд ва аз кӣ имдод талабанд.

Раҳим Қосимови 17-сола худро фарзанди интернат ё парваришгоҳи рақами яки пойтахт мегӯяд, аммо баъд аз хатми таҳсил дар ин муассиса дар кӯчаву хиёбон ва ё хонаи ёру дӯстонаш шабро рӯз мекунад. То ин вақт вай парвои хобгоҳ надошт, зеро ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳ бо хобгоҳ таъмин буд. Мушкили аслии рӯзгори Раҳим пас аз хатми омӯзишгоҳ шурӯъ шуд. Модараш дар қайди ҳаёт нест ва падар ӯро ба хонаи худ роҳ намедиҳад.

"Гуфт, наметавонам туро қабул кунам, модарам дар қайди ҳаёт нестанд. Баъдан Русия рафтам, вале бемор шудаву баргаштам. Маъюби дараҷаи дувумам. Як чашмам хуб намебинад. Дар рӯзи варзишгарон ба мулоқоти президент роҳ ёфтаму ин мушкили худро расондам, ба раиси шаҳр ҳам аз бехонагии худ гуфта будам, аммо ҳеҷ чора дида нашуд",-афзуд мусоҳиби мо.

Раҳим мегӯяд, ҳоло аксар ҳамтақдирони ӯ онҳое, ки аз падару модар маҳрум ва дар парваришгоҳҳо ба воя расидаанд, пас аз хатми ин муассиса ва донишгоҳу омӯзишгоҳҳо бесарпаноҳ мондаанд. Ба гуфтаи Раҳим, маҳз ин мушкилот боис ба қасди ҷони худ кардани бархе аз ҳамсарнавиштони ӯ шудааст.

Як пажӯҳиши анҷумани созмони ҳуқуқии Ампаро ҳам, ки ҳоло бо тарҳи нави "Роҳ ба самти зиндагии мустақил" фаъолият дорад ва дастгирии хатмкардаҳои парваришгоҳҳоро ҳадафи худ қарор додааст, муайян карда, ки аксар хатмкардагони парваришгоҳҳои Тоҷикистон пас аз берун шудан аз ин муассисаҳо ба мушкили беманзилӣ ва бекорӣ мувоҷеҳ мешаванд. Хуршеда Раҳимова, ҳамоҳангсози ин тарҳ, мегӯяд, аз рӯи қонунугузориҳои кишвар ин ятимон бояд аз сӯи давлат бо манзили зист таъмин шаванд. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар чанд соли охир кишвар имкони таъмини ин наврасон бо манзилро надоштааст.

Ӯ мегӯяд, "таҷриба нишон медиҳад, ки солҳои охир хонаҳои баландошёнае, ки аз сӯйи давлат маҳз ба ин гурӯҳи одамон пешниҳод шавад, сохта намешаванд. Аз ин рӯ, аксари ин кӯдакон аз беманзилӣ азият мекашанд. Ҳамчунин мушкили дигар ин гирифтани маълумоти олӣ аст. Онҳо наметавонанд дар факултаҳое, ки ба тариқи шартномавӣ фаъолият доранд, аз ҷумла риштаи тиббу ҳуқуқшиносӣ таҳсил кунанд. Чун онҳо танҳо ҳаққи таҳсил дар шӯъбаҳои буҷавиро доранд."

Ба иттилои Вазорати маориф имрӯз наврасони ятиму бепарастор дар 84 мактаб-интернати шабонарӯзӣ зиндагӣ мекунанд ва таълиму тарбия мегиранд. Масъулони ин парваришгоҳҳо мегӯянд, онҳо ба сарнавишти баъдии хатмкардаҳои худ бетаваҷҷӯҳ нестанд ва мувофиқи имкон талош мекунанд аз зиндагии баъдии онҳо низ огоҳ шудаву барояшон дасти кӯмак дароз кунанд. Мушаррафа Шарифова, раҳбари мактаб-интернате дар ноҳияи Шаҳринав, ки дар ин муассиса беш аз 300 бепарастор нигоҳубин мешавад, гуфт, аксари ин наврасон фарзандони модарони танҳоянд, ки маҳз бо иллати беманзилӣ онҳоро дар тарбияи давлат гузоштаанд: "Мо назорат карда меистем, ки онҳо чӣ кор мекунанду чӣ ҳоле доранд. Кӯшиш мекунем, онҳоро бо кор таъмин кунем, баъзеи духтаронро ба шавҳар медиҳем. То ҷои аниқ ёфтани ин ҷавонон онҳо дар зери назорати парваришгоҳ ва вазорати моариф меистанд."

Абдусамад Муллоев, як масъули Вазорати моарифи Тоҷикистон, мегӯяд, бо мушкили бехонагӣ ятимон ба ин ниҳод ҳам муроҷиат мекунанд. Вале ин ҳама масъулияти мақомоти маҳалии ҳокимияти давлат аст, на вазорат. "Албатта Вазорати маориф таъсир мерасонад, вале ин ҳама ба мақомоти ҳокмияти маҳаллӣ дахл дорад. Вазорати маориф сиёсати давлатро татбиқ мекунад. Дар масъалаи бо хона таъмин кардан бояд мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мусоидат кунад",-мегӯяд ӯ.

Гуфта мешавад, дар даврони Шӯравии пешин барои бесарпаноҳ намондану роҳгум назадан дар зиндагӣ аз сӯйи давлат барои ин гурӯҳи ҷавонон барномаи вижае амалӣ мешуд ва онҳо баъд аз берун шудан аз парваришгоҳ дар масъалаи шуғлу манзил имтиёзҳо доштанд. Аммо аксар хатмкардаҳои имрӯзаи мактаб-интернатҳо, ки аз мушкили мназили зист азият мекашанд, мегӯянд, онҳо намедонанд бо ин мушкили худ ба куҷо муроҷиат кунанд. Зафар Раҳимзода, хатмкардаи парваришгоҳои вилояти Суғд, ки ҳоло дар донишгоҳи Хуҷанд таҳсил ва дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, гуфт, намедонад пас аз хатми донишгоҳ ӯро чӣ сарнавиште интизор аст. Ин аст, ки масъулони барномаи "Роҳ ба самти зиндагии мустақил" пешниҳод доранд, ки Тоҷикистон ҳам мисли аксар кишварҳои дигар ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҷавонони ятиму бепарастор қонуни махсус қабул карда ва имтиёзи шароити онҳоро мушаххас кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG