Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Тиллои корхонаҳои тоҷик ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ нест"


Вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон мегӯяд тайи соли 2012 дар кишвар 2.4 тонна тилло истеҳсол шудааст, ки нисбати нақша 249 кило камтар аст.

Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки истеҳсоли тилло дар соли 2012 нисбати соли пешӣ 161 киллограм афзоиш ёфта, нисбати нақша 249 киллограм камтар шудааст.

Гул Шералӣ мегӯяд аз ҳисоби таҷдиди корхонаҳо ният доранд, истеҳсоли тиллоро давоми ду соли оянда дар Тоҷикистон ба 3 тонна расонанд.

Масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд харидорони асосии тиллои Тоҷикистон Бонки миллӣ ва Вазорати молия мебошанд. Ба иттилои манбаъ ҳамасола ҳудуди 60 дарсади тиллои тавлидшуда аз ҷониби ин ниҳодҳо харидорӣ шуда, танҳо 40 дарсадаш ба хориҷи кишвар содир мешавад.

Зимнан Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии рӯзи 22 январ гуфт, ки ҳаҷми захоири тиллои бонк 11 тонна буда, аз ин 1,1 тоннааш соли гузашта харидорӣ шудааст. Раиси Бонки миллӣ таъкид намуд, ки то ҳол раванди поксозии тилло дар корхонаҳои Тоҷикистон ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ набуда, дар кишварҳои хориҷӣ поксозӣ мешавад.

Имрӯз, 24 –уми январ нархи як унсий тилло, ки муодили 31 грамм аст, дар бозори ҷаҳонӣ 1 ҳазору 681 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба қавли Абдуҷаббор Ширинов захоири тиллои Тоҷикистон дар Бонки Миллӣ, бонкҳои Шветсария, Олмон ва кишварҳои дигари Аврупою Амрико маҳфуз астанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG