Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дефолти эҳтимолии Амрико 4 моҳ ақиб андохта шуд


Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико бо аксарияти оро ба қонуне раъй дод, ки ба давлат иҷозат медиҳад, ба хотири пешгирӣ аз дефолт барои дастикам 4 моҳи оянда қарзи кофӣ бигирад. Вакилон бо ин аз буҳрони молие, ки метавонист боиси коҳиши бештари хароҷот шуда, бозорҳоро ба вартаи беназмӣ афканад, ҷилавгирӣ карданд. 285 раъйи мувофиқ дар муқобили 144 раъйи мухолиф дар раъйгирии рӯзи чоршанбе лимити қарзи Амрикоро, ки феълан 16,4 триллион долларро ташкил медиҳад, то моҳи май мутаваққиф мекунад. Раҳбари аксарият дар Сенат Ҳаррӣ Рейд гуфт, маҷлиси болоии Конгресс низ ба зудӣ чунин раъй хоҳад дод. Кохи Сафед гуфт, аз ин раъйгирӣ истиқбол мекунад, вале барои қарзгирӣ замони боз ҳам бештареро мехост.
XS
SM
MD
LG