Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон интиқоли ёриҳо ба Сӯхро иҷозат додааст


Қирғизистон мегӯяд, интиқоли ғизову маводи сӯхт ба ҷазирақаламрави Сӯхи Узбакистонро иҷозат додааст. Вале ҳанӯз дар бораи убури кадом мошини ёриҳои башарӣ гузориш нашудааст. Ба гуфтаи бархе манобеъ, дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона то 21 мошин мунтазири иҷозаи ҳаракат ба Сӯх истодаанд. Равуо бо ин минтақаи умдатан тоҷикнишин, ки дар иҳотаи вилояти Бодканди Қирғизистон аст, баъди даргириҳои рӯзҳои 5-6 январ қатъ шуд. Дар он даргириҳо, бино ба хабарҳо, 5 сокини Сӯх ҷароҳат бардошта, 30 қирғизро гаравгон гирифтанд, ки рӯзе баъд раҳо ёфтанд.
XS
SM
MD
LG