Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши маҳбусони сиёсии Озарбойҷон радд шуд


Кристоф Штрассер

Кристоф Штрассер

Маҷмаъи парлумонии Шӯрои Аврупо гузориши зиддунақиз дар бораи маҳбусони сиёсӣ дар Озарбойҷонро напазируфт. Муаллифи гузориш сотсиал-демократи олмонӣ Кристоф Штрассер рӯйхати 85 нафареро нашр кард, ки гумон меравад, маҳбуси сиёсӣ бошанд. Вале ӯ рӯзи чоршанбе гузориши изофие овард, ки мегӯяд, 35 нафар аз ин рӯйхатро алакай раҳо кардаанд. Ҳайъати Озарбойҷон ба ин гузориш шадидан мухолифат нишон дод. Кишварҳои дигар низ нисбат ба он изҳори шубҳа кардаанд.
XS
SM
MD
LG