Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои сарони Аврупо ба изҳороти Камерон


Девид Камерон
Девид Камерон
Раҳбарони Аврупо ба тақозои сарвазири Бритониё Девид Камерон ба ислоҳоти ҷиддии Иттиҳодияи Аврупо(ИА) ва ваъдаи ӯ ба баргузории як раъйпурсӣ дар мавзӯъи узвияти кишвараш дар ин созмон бо ташвишу нигаронӣ вокуниш карданд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ИА ва Бритониё бояд ба гузаште даст ёбанд. Аммо вазири молияи Фаронса Перр Московичӣ Бритониёро ҳушдор дод, ки узвият дар ИА фақат ҳуқуқ нест, балки ӯҳдадориҳое ҳам дорад. Суханронии дирӯзаи Камерон дар Бритониё ҳам дучори интиқодҳо шудааст. Раҳбари ҳизби мухолифи коргарӣ Эд Миллибанд гуфт, дар ҳоле ки аҳли тиҷорат аз эҳтимоли ба норӯшанӣ дучор шудани иқтисод ҳушдор медиҳанд, Камерон даст ба “як қимори бузург” мезанад. Ҳафтае пеш раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳам ба Камерон гуфта буд, ки Амрико рӯи Бритониёи қавӣ дар Иттиҳодияи аврупои қавӣ арҷ мегузорад.”
XS
SM
MD
LG