Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазияи Қаюмзод ҳамла ба мустақилияти Озодист


Абдуқаюми Қаюмзод (аз рост) зимни мусоҳиба бо Ҷалолиддини Маҳмуд

Абдуқаюми Қаюмзод (аз рост) зимни мусоҳиба бо Ҷалолиддини Маҳмуд

Радиои Озодӣ дар як баёния аз масдуд шудани сомонаҳои бахши тоҷикиаш дар Тоҷикистон ва рад шудани дархости тамдиди сабти номи хабарнигори бахши тоҷикӣ дар Душанбе Абдуқаюм Қаюмов хабар додааст.

Дар баёния гуфта мешавад, сомонаи Озодӣ ба забони тоҷикӣ http://www.ozodi.org/ рӯзи 18-уми январ масдуд шуда, баъд аз 4 рӯз дубора боз шуд, вале фарзияи русии ин сомона http://rus.ozodi.org/ ҳамчунон масдуд боқӣ мемонад. Мақомот масдуд шудани сайти озодӣ.оргро ба “мушкилоти фаннӣ” рабт додаанд, вале Азия-Плюс гузориш додааст, ки ин иқдом аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ҳамоҳанг шудааст. Дар баёния омадааст, ки сомонаи Озодӣ ва чанд сомонаи бузурги хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон танҳо дар 6 ҳафтаи охир бори дувум аст ки баста мешаванд.

Радиои Озодӣ ҳамчунин хабар медиҳад, ки хабарнигори собиқадораш Абдуқаюм Қаюмов (Абдуқаюми Қаюмзод)-ро аз гузориш додан манъ кардаанд, чунки вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дархости маъмулӣ барои сабти номи ӯро рад кардааст. Қаюмовро, ки аз соли 2001 ҳамчун хабарнигори парлумонӣ фаъолият мекунад, рӯзи 9-уми декабри соли гузашта хабар кардаанд, ки дархости сабти номи ӯ расман рад шудааст. Мақомот пиромуни ин тасмим, ки Қаюмовро аз кор барои бахши тоҷикӣ манъ карда, ҳушдоре барои хабарнигорони дигари Озодӣ шудааст, ягон шарҳи расмӣ надодаанд.

Стивен Корн

Стивен Корн

Президенти Радиои Озодӣ Стивен Корн гуфтааст, “давлат сабти номро бо ҳадафи мамониат ба тасмимоти мо ва ҳамла ба мустақилияти мо истифода мекунад.” Оқои Корн афзудааст, “сабти ном як раванди маъмурӣ ба хотири мусоидат ба ҳаққи журналистҳост, вале он аз тарафи мақомоти Тоҷикистон оҳанги сиёсӣ гирифта, мунтахабан ба хотири сонсур ва тарс додани онҳо истифода мешавад.”

Абдуқаюм Қаюмов (Абдуқаюми Қаюмзод) соли гузашта соҳиби ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттиҳоди хабарнигорони Тоҷикистон шуда, нашрияи “Фараж” ӯро барои гузоришҳояш дар масоили сиёсиву сиёсати хориҷӣ ва мусоҳибаҳояш бо шахсиятҳои маъруф “Журналисти сол” интихоб кард. Ӯ соли 1995 ҷоизаи Ҳеллман ва Ҳеммет барои озодии баён ва соли 2010 дар як маросим дар сафорати Амрико дар Душанбе ҷоизаи Ҷуръати журналистиро ба даст овардааст.

Манъи фаъолияти хабарнигории Қаюмзод дар пасманзари мавридҳои дигари дахолат ба кори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аст. "Дар баҳори соли 2012, мақомоти ин кишвар ба далели ташреҳнашудаи “нақз”-и қонуни матбуоти Тоҷикистон аз тамдиди замони сабти номи Гулнораи Равшан, ки барои бахши узбакии Радиои Озодӣ гузориш медод, даст кашиданд",- омадааст дар баёнияи расмии Радиои Озодӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG