Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон дар Сенат аз вазораташ дифоъ кард


Клинтон дар Сенат

Клинтон дар Сенат

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар муҳокимаҳои Конгресс аз иқдомоти амниятии вазораташ дифоъ кард. Клинтон ба кумитаи равобити хориҷии Сенат гуфт, вазорати хориҷа дар пайи ҳамлаи соли гузашта ба консулхонаи Амрико дар Бенғозӣ, ки дар ҷараёни он сафири Амрико дар Либия Крис Стивенс ва 3 амрикоии дигар кушта шуданд, ҷиҳати беҳбуди амният дар таъсисоти дипломатиаш дар саросари дунё ба таври сареъу шадид иқдом кард. Ӯ афзуд, Идораи федеролии тафтишот дар таҳқиқи ҳамлаи 11 сентябри соли 2012 дар Бенғозӣ “бархе фарзияҳои хеле умедворкунандаро дунбол мекунад.” Ӯ иттиҳомоти ҷумҳурихоҳонро, ки мегӯянд, маъмурият талош дошт, то таҳаввулоти марбут ба ин ҳамларо пинҳон нигоҳ бидорад, хашмгинона радд кард. Клинтон гуфт, ӯ ҳамчун дипломати аршади Амрико тамоми масъулияти иштибоҳҳои вазораташ дар пешорӯи ҳамла ба консулхонаи Амрико дар Бенғозиро ба дӯш мегирад.
XS
SM
MD
LG