Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Маскав як ронандаи тоҷикро захмӣ кард


Як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон дар Маскав аз тири пулис захмӣ шудааст. Пулиси пойтахти Русия мегӯяд, шаби 23 январ онҳо як мошини ВАЗ-21099-ро манъ карданд, вале ронанда ба амри пулис итоат накарда, ба самти вилояти Маскав фирор кардааст. Ҳангоми боздошт дар ноҳияи Старая Купавна ронандаи мошин, ки ба гуфтаи пулис, дар ҳолати мастӣ будааст, муқовимат нишон медиҳад ва дар натиҷа як афсари пулис даст ба силоҳ мебарад. Ин шаҳрванди тоҷикро, ки номаш оварда нашудааст, баъди боздошт ба бемористон бурдаанд.
XS
SM
MD
LG