Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кемерон: Мардум аз Иттиҳодияи Аврупо дилсард шуд


 Дейвид Кемерон
Дейвид Кемерон
Сарвазири Британия Дейвид Кемерон мегӯяд, агар ҳукумати зери раҳбарии ӯ дар интихоботи соли 2015-ум пирӯз шавад, ӯ то соли 2017-ум назархоҳии умумимардумӣ дар мавриди узвияти Британия дар Иттиҳодияи Аврупоро доир хоҳад кард. Дар шаҳри Лондон Кемерон гуфт, мардуми кишвараш аз Иттиҳодияи Аврупо дилсард шудаанд.
Сарвазири Британия пешниҳод кард, ки созмони иборат аз 27 кишвар ислоҳот раҳандозӣ намуда, аз ҷумла масъулияти бештари демократиро ба кишварҳои узв баргардонад:
“Мардум эҳсос мекунанд, ки Иттиҳодияи Аврупо дар самте ҳаракат дорад, ки онҳо ҳеҷ гоҳ интизор надоштанд. Иттиҳодия тавассути қонуну дастурҳои беҳуда ба манфиатҳои миллии мо дахолат мекунад”.
Сӯҳбатҳо дар бораи назархоҳии умумӣ боиси нигаронӣ дар Аврупову Амрико гардид. Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Барак Обама гуфт, кишвараш ҷонибдори мавқеи мустаҳками Британия дар Иттиҳодияи Аврупо мебошад.
XS
SM
MD
LG