Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лавров мухолифини Сурияро танқид кард


 Сергей Лавров

Сергей Лавров

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мухолифини Сурияро бо монеагузорӣ дар кӯшишҳои хатми низои дохилии ин кишвар муттаҳам кард. Рӯзи чоршанбе дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав Лавров гуфт, талаби сарсахтонаи мухолифин дар бораи истеъфои президенти Сурия Башор ал-Асад имкон намедиҳад, тарафҳо ба сулҳ расанд. Ба қавли Лавров баъзе кишварҳои ғарбӣ ва мамолики Ховари Миёна масъули мавқеи шадиди мухолифини Сурия мебошанд. Лавров меафзояд, ки танҳо Русия саъй намудааст, мухолифини Сурияро ба сари мизи музокирот шинонад. Вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, бо кӯшиши ҳалли низои Сурия Русия ягон ҳадафи пинҳониро татбиқ карданӣ нест.
XS
SM
MD
LG