Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳоми генерал Аллен лағв шуд


 Ҷон Аллен-фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон

Ҷон Аллен-фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон

Мансабдорони вазорати мудофиаи ИМА мегӯянд, тафтиши қазияи фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон ба анҷом расид ва иттиҳоми ирсоли паёмҳои электронӣ ба як хонум, ки генерал Ҷон Аллен бо он муттаҳам буд, тасдиқ нашуд. Моҳи ноябр ҳангоми таҳқиқи қазияи ишқварзии раиси Идораи марказии кашфи ИМА (CIA ) Дейвид Петреус, ки бо истеъфои ӯ анҷомид, генерал Алленро бо мукотибаи электронӣ бо як зан муттаҳам карданд. Аллен ҳар гуна иттиҳомро рад мекард. Президенти ИМА Барак Обама ҳадаф дошт, генерал Алленро ба вазифаи фармондеҳи нерӯҳои амрикоии паймони НАТО дар Аврупо пешбарӣ кунад, вале бо оғози таҳқиқи қазияи Аллен ин пешбарӣ низ ба таъхир афтид.
XS
SM
MD
LG