Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили мардумии Русия Владимир Жириновский пешниҳод кардааст, ки муаллимон, хабарнигорон, адибоне ва дигар ходимони давлатӣ, ки ба ҷои истилоҳи русӣ калимаҳои хориҷиро истифода мебаранд, муҷозот шаванд.

Вакили мардумии Думаи давлатӣ ва раиси ҷанҷолии ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский мегӯяд, забони русӣ бояд аз истилоҳи хориҷӣ раҳо шавад.

Ин сиёсатмадор, ки аз ҷониби бисёриҳо «масхарабоз” унвон гирифтааст, хатмкардаи бахши забони туркии институти забонҳои назди Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови Маскав буда, тавре маълум мешавад, ба хотири поксозии забони русӣ қиём кардааст. Жириновский даъват кардааст, ки дар ҳоли мавҷудияти калимаи русӣ, хабарнигорон, муаллимон, адибон ва донишмандон аз истифодаи вожаҳои хориҷӣ худдорӣ варзанд.

Рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо Радиои Коммерсант, Жириновский гуфт, забони русӣ бояд аз “партобҳо ва калимаҳои хориҷӣ” халос шавад. Ба қавли ӯ, ба хусус истилоҳоти амрикоӣ, русҳоро “шиканҷа мекунанд”. Жириновский аз пешниҳодаш илҳом гирифта, ба радиои Коммерсант машварат дод, номи хориҷиро канор гузошта, худро ба русӣ “Торговец” номад. Ӯ ҳамчунон чандин истилоҳи тиҷории дигар: дилер, трейдер, менеҷер ва ғайраро, ки аксаран ба тиҷорат иртибот доранд, мисол оварда, даъват кард, ки муродифҳои русии ин истилоҳот мавриди истифода қарор гирад.

Аслан аз рӯзи аввале, ки дар Русия хориҷиён пайдо шуданду ба истилоҳ бизнес дар ин кишварро оғоз намудаанд, русҳо барои поксозии забонашон талош меварзанд. Ба Жириновский ҳамчунон калимаи парикмахер ё худ сартарош, ки асли романӣ дорад, маъқул набудааст. Ба гуфти ӯ, русҳо бояд калимаи “стрижач”-ро истифода баранд, вале дар луғатҳои муосири забони русӣ чунин калима вуҷуд надорад.

Раиси ҳизби либерал-демократи Русия аз шунидани калимаҳои фаронсавии ресторан, бар ва кафе низ нороҳат будааст. Ба қавли ӯ, русҳо бояд калимаи “ закусочная”-ро истифода баранд, ки хеле муносиб аст. Жириновский ёдовар шуд, ки 60 сол пеш Туркия ҳам маъракаи худдорӣ аз истифодаи калимаҳои арабӣ, форсӣ ва фаронсавиро раҳандозӣ намудааст. Вай бовар дорад, ки ба ҳамин зудиҳо лоиҳаи қонуни истифодаи калимаҳои русӣ ба Думаи давлатӣ матраҳ мешавад.

Жириновский бар ин назар аст, ки рӯзноманигорон беш аз ҳар табақаи дигари мардуми Русия забонро “расво” мекунанд. Ӯ шикоят кардааст, ки телевизиони Дожд як барномаи хосе бо номи "Hard Day's Night” таҳия кардааст, ки комилан ба забони англисӣ пахш мешавад.

Вадим Денгин, вакили мардумии Думаи давлатӣ аз ҳизби либерал демократи Русия мегӯяд, ҳадафи Жириновский ҳифзи фарҳанги русӣ мебошад: “Мо бояд забони русии худамонро ҳифз кунем. Мо зиёд онро намеомӯзему зиёд ба русӣ сӯҳбат намекунем. Дар ҳолатҳои зиёд мо таъбирҳои амрикоиро истифода мебарем, ҳол он, ки таъбирҳои муносиби русӣ вуҷуд доранд ва нигаронии Жириновский низ ҳамин аст, ки истилоҳоти русӣ аз байн мераванд. Мо бояд талош варзем, то забонамон эҳё шавад.”

Дар ҳамин ҳол Жириновский эътироф кардааст, ки дар забони русӣ ягон алтернативаи муносиб ба калимаи фаронсавии калӯш ё тавре русҳо мегӯянд, “галоши” пайдо нашудааст ва истифодаи онро метавон давом дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG