Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

77 шаҳрванди Русия аз Сурия ба Маскав расиданд


Ду ҳавопаймои ҳомили 77 шаҳрванди Русия, ки бинобар нооромиҳо Сурияро тарк карданд, субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав фуруд омаданд.

Ин афрод тавассути ҳавопаймоҳои Кумитаи ҳолатҳои изтирории Русия аз фурудгоҳи шаҳри Бейрути Лубнон ба Маскав интиқол дода шуданд.

Аммо Маскав гуфтааст, ки ин ба маънои оғози хуруҷи дастаҷамъии шаҳрвандони Русия аз Сурия нест. Андрей Денисов, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ки касе дар мавриди берун шудани пурраву комил аз Сурия сӯҳбат намекунад ва дар барнома нест, ки ҳамагӣ аз Сурия берун шаванд.

Дар ҷараёни нооромиҳои бистудумоҳаи Сурия, Русия аз нерӯмандтарин ҳомиёни хориҷии режими Башор Асад будааст. Дар ин муддат Русия се қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳидро, ки ҳадаф аз он дур сохтани Асад аз қудрат ё таҳти фишор қарор додани вай буд, вето кардааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳазорон тан аз шаҳрвандони Русия дар Сурия ба сар мебаранд ва бисёре аз онҳо занони русӣ мебошанд, ки бо мардони суриягӣ издивоҷ кардаанд. Дар ҳамин ҳол Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия гуфтааст, ки дар мавриди хуруҷи бештари шаҳрвандони Русия аз Сурия маълумот надорад.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон барои берун кардани шаҳрвандони худ аз Сурия ба мақомоти Русия муроҷиат кардааст. Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав, аз Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия хостааст, ки барои берун кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Сурия кӯмак кунад.

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Достиев аз Вазири корҳои хориҷии Русия хоҳиш кард, ки ба тоҷикистониёни муқими Сурия, дар ҳолати муроҷиати онҳо ба намояндагиҳои дипломатии Русия дар он кишвар, кӯмак намояд. Қаблан ҳам мақомоти тоҷик барои берун кардани шаҳрвандонашон аз минтақаҳои низоъ дар Миср ва Либия ба Русия муроҷиат карда буданд.

СММ тахмин мезанад, ки аз оғози нооромиҳо то ҳол дар Сурия беш аз 60 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG