Пайвандҳои дастрасӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар Санкт-Петербурги Русия буд, бо Йозеф Блаттер, раиси ФИФА мулоқот кард.

Дар доираи Ҷоми Иттиҳод-2013 дар Санкт-Петербург вохӯрии анъанавии раиси ФИФА(Федератсияи байналмилалии футбол) Йозеф Блаттер бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор шуд.

Дар ҷараёни ин мулоқот, ки дар вазъияти самимӣ ва дӯстона гузашт, роҳбарони ФИФА ва ФФТ масоили рушди футболи тоҷикро баррасӣ карданд.

Рустами Эмомалӣ мавқеи роҳбарияти ФФТ-ро дар бораи дастгирии комили роҳи пешгирифтаи ФИФА таҳти сарварии ҷаноби Блаттер, ҳамчунин, ташаббусҳои ӯ ва чораҳоеро, ки ба рушди минбаъдаи футбол дар тамоми ҷаҳон равона шудаанд, баён намуда, сарвари футболи ҷаҳонро барои сафари корӣ ба Тоҷикистон даъват намуд.

Дар ин мулоқот, инчунин, мудири ФИФА оид ба созмонҳои миллӣ Тйерри Реженасс, менеҷери калон оид ба рушд Ева Паскйе ва дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фирдавс Файзуллоев ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG