Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои Амният Кореяи шимолиро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти СММ бо иттифоқи оро қатъномаеро тасвиб кард, ки Кореяи шимолиро барои партоби мушаки моҳвораияш дар моҳи декабр маҳкум карда, алайҳи ожонси кайҳонии Пхенян таҳримоти нав ҷорӣ мекунад. Партоби ин мушак як бахши барномае арзёбӣ шуд, ки рушди мушакҳои раҳбурдии қодир ба бурдани кӯлоҳакҳои ҷангиро ба ҳадаф дорад. Чин низ аз қатънома пуштибонӣ кард ва ҳимояти Пекин аз санад ҳокист, ки Чин мавқеъи пуштибонии анъанавиаш аз режими Кореяи шимолиро бозбинӣ мекунад. Ин нахустин қатънома дар 4 соли охир аст, ки таҳримоти зидди Пхенянро шадидтар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG