Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил рӯзи сешанбе интихоботи саросарӣ доир кард. Куммиссиюни марказии интихобот гуфт, алакай баъди пешин шумори ширкаткунандагон 55,5 дарсад шуд, ки аз соли 1999 ба ин сӯ собиқа надоштааст. Назарсанҷиҳо ҳокист, ки эътилофи ҳизби Ликуди сарвазир Бенямин Нетаняҳу бо қавмгарои тундрав Йисраэл Бейтену бузургтарин фирқа дар Кнессети иборат аз 120 курсиро ташкил хоҳанд дод. Қабл аз раъйгирӣ, мизони ҳимоят аз ҳизби қавмгарои рости Байти яҳудиёни Нафталӣ Беннетт низ башиддат боло рафт. Ин ҳизб, ки мухолифи бунёди давлати Фаластин аст, зоҳиран севумин фирқаи бузург дар парлумони оянда хоҳад шуд. Натоиҷи расмии интихоботи Исроилро рӯзи чоршанбе эълон хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG