Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко даст доштанаш дар кушторро радд мекунад


Ироаи айбномаи нав ба Тимошенко дар зиндон
Ироаи айбномаи нав ба Тимошенко дар зиндон
Сарвазири собиқ ва ҳоло зиндонии Украина Юлия Тимошенко иттиҳоми нав дар мавриди даст доштанаш дар қатли 16 сол қабли як вакили парлумонро радд кард. Духтари ӯ Евгения Тимошенко рӯзи сешанбе дар Киев ба хабарнигорон гуфт, айбномаро ҳафтаи гузашта ба модараш дар ҳузури чанд марди видеокамераҳо дар даст, вале дар ғайби вакили мудофеъи ӯ супурдаанд. Додситони кулли Украина Виктор Пшонка рӯзи ҷумъа гуфт, қатли Евген Шербан дар соли 1996 фармоиши Тимошенко ва сарвазири дигари собиқ Павло Лазаренко буд. Тимошенко алакай бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шуда, муҳокимаи парвандаи дувуми ӯ бо иттиҳоми сарпечӣ аз молиёт то рӯзи 12 феврал ба таъхир гузошта шудааст. Худи ӯ ҳамаи иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо сиёсӣ хонда, радд мекунад.
XS
SM
MD
LG