Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Жириновский ба манъи вожаҳои хориҷӣ


Владимир Жириновский

Владимир Жириновский

Сиёсатмадори зиддунақизи рус Владимир Жириновский хостори таҳияи як қонуне шуд, ки барои корбурди вожаҳои хориҷӣ ба ҷои калимаҳои русӣ муҷозот таъйин кунад. Ин вакили Думаи давлатӣ гуфт, муҷозот барои истифодаи калимаҳои хориҷӣ бояд шадид бошад ва ҳатто барканорӣ аз мақомро дар бар бигирад. Жириновский гуфт, “мо бояд забони русиро аз лашулӯши бегона пок кунем." Ба гуфтаи ӯ, Туркия алакай чунин таҷрубаи поккории забони туркӣ аз вожаҳои арабиву форсиро дорад. Жириновский аз ҷумла ба радиои “Коммерсант” машварат додааст, ки номи худро ба “Торговетс” иваз кунад. Ӯ афзуд, як ҳайъати ҳуқуқдонҳо ҳоло рӯи таҳияи тарҳи чунин қонун кор мекунад.
XS
SM
MD
LG