Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкеку Душанбе масоили марзиро баҳс мекунанд


Дар Бишкек музокироти ҳайъатҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар масоили марзӣ идома дорад. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, вале аз замони суқути Шӯравӣ то имрӯз танҳо 519 километраш пурра таъйин шудааст. Мавзӯъи асосии музокироте, ки рӯзи 21 январ оғоз ёфта, то рӯзи шанбе давом хоҳад кард, 40 километр марзи баҳсии миёни ин ду кишвар аст. Ин нишаст дар ҳолест, ки Қирғизистону Узбакистон бар сари ҷазирақаламрави тоҷикнишини Сӯх дучори буҳрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG