Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи 2 ҳавопаймои бесарнишин дар Нуристон


Мақомоти вилояти Нуристон дар шарқи Афғонистон мегӯянд, талафоти ҷангиён бар асари ҳамлаҳои ҳавопаймои бесарнишини Амрико беш аз 30 нафар шудааст. Аммо маълум нест, ки чанди онҳо кушта ва чанде захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, қурбониҳо толибҳои ҳам афғон ва ҳам покистонианд. Раҳбари амнияи Нуристон Ғуломуллоҳ Нуристонӣ гуфт, ду ҳавопаймои бесарнишин зӯҳри душанбе ҷангиёни мусаллаҳ дар минтақаи дурдасти Бозгулгургиро ҳадаф қарор доданд. Низомиҳои Амрико ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд.
XS
SM
MD
LG