Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Имрӯз дар Урдун интихоботи парлумонӣ доир мешавад, вале Ихвонулмуслимин ва гурӯҳҳои дигари мухолифин онро бойкот кардаанд. Малики Урдун Абдуллоҳ ин интихоботро як нуқтаи атф дар раванди ислоҳоти демократие номид, ки ӯ ду сол қабл дар пайи ошӯбҳои мавсум ба “Баҳори Араб” оғоз кардааст. Аммо бузургтарин нирӯи сиёсии Урдун – Ихвонулмуслимин - ва гурӯҳҳои дигари мухолифин ба нишони эътироз ба қонуни интихобот, ки ба бовари онҳо, ба раҳбарони қабоил ва афроди содиқ ба режими Абдуллоҳ дар қиёс бо аҳзоби сиёсӣ бартарӣ медиҳад, аз ширкат дар интихобот даст кашидаанд. Барои 150 курсии парлумони Урдун беш аз 1400 номзад мубориза мебаранд, вале алакай дар бораи мавридҳои фаровони харидани оро гузоришҳо мерасанд. Бо вуҷуди таҳрими исломиҳо, ҳудуди 70 дарсад аз 3 миллион мардуми соҳиби раъйи Урдун барои ширкат дар интихобот номнавис шудаанд.
XS
SM
MD
LG