Пайвандҳои дастрасӣ

Дастикам 16 куштаи боз як рӯзи хунин дар Ироқ


Асароти таркиш дар шаҳри Шӯъла

Асароти таркиш дар шаҳри Шӯъла

Силсилаи таркишҳои мошинҳои бомбгузоришуда дар минтақаи Бағдод рӯзи сешанбе дастикам 16 кушта ва беш аз 50 захмӣ ба ҷо гузошт. Дар як ҳамла дар наздикии пойгоҳи артиш дар шаҳри Тоҷӣ, 25-километрии шимоли Бағдод, 6 тан кушта ва беш аз 20 кас захмӣ шуд. Мақомот мегӯянд, таркиши бомб дар бозори Шӯъла, воқеъ дар канораҳои шимолии пойтахти Ироқ, мунҷар ба ҳалокати дастикам 5 нафар ва ҷароҳат бардоштани 12 тани дигар шуд.5 тани дигар дар Маҳмудия – тақрибан 30-километрии ҷануби Бағдод – ҷон бохтаанд. Ҳафтаи гузашта дар ҳамлаҳое, ки масъулияташро бахши ироқии Ал-Қоида иддао кардааст, дастикам 88 нафар қурбон шуданд.
XS
SM
MD
LG