Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай:Далелҳои шиканҷа дар маҳбасҳо таҳқиқ шаванд


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз масъулини ҳукумат хост, ки ҳама нуктаҳои гузориши Дафтари СММ дар Афғонистон дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ нисбати зиндониён дар маҳбасҳои зери назорати давлатро таҳқиқ кунанд. Дар изҳороти дафтари раёсатҷумҳурӣ, ки рӯзи сешанбе интишор ёфт, гуфта шудааст, як ҳайати вижа далелҳои дар гузориши намояндагии СММ нашршуда дар бораи шиканҷа, бадрафторӣ, таҳдиди марг, таҷовуз ба номусро тафтиш хоҳад кард. Ин ҳайат баъд аз ду ҳафта дар бораи натоиҷи таҳқиқот бояд ба Ҳомид Карзай гузориш диҳад, ки дар пайи он, тавре дар изҳороти дафтари раёсатҷумҳурӣ омадааст, чораҳои амалӣ андешида хоҳанд шуд.

Имрӯз генерал Абдураҳмон Раҳмон, муовини вазири умури дохилии Афғонистон, дар нишасти хабарӣ дар Кобул гузориши Дафтари СММ дар Афғонистонро "нодуруст" ва "муболиғаомез" номид.

Гузориши дипломатҳои СММ дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дар маҳбасҳои давлатӣ рӯзи якшанбе нашр шуд. Муаллифон аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки бо вуҷуди талошҳои Созмони Милал шиканҷаву латукӯб, таҳдиди маргу таҷовуз ба номуси маҳбусони афғон соли гузашта ҳам идома дошт.
XS
SM
MD
LG