Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод-2013 бо тими Литва рақобат мекунад.

Рақиби мунтахаби Тоҷикистон баъди бозии охирини гурӯҳи «С» миёни дастаҳои Литва ва Молдова, ки рӯзи сешанбе, 22-юми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, маълум гардид. Ин бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Литва бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” дастаи Украина бар тими Туркманистон бо ҳисоби бузурги 5:0 ғолиб омад. Ҳамин тариқ дар ин гурӯҳ Украина бо 9 имтиёз мақоми аввал ва Литва бо 4 имтиёз мақоми дувумро касб карда, ба чорякфинал баромаданд.

Аз гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Русия ва Узбакистон, ки бо 5-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор гирифтанд, ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Ёдовар мешавем, аз гурӯҳи “А” тимҳои Беларус ва Тоҷикистон ба чорякфинал баромаданд. Ҳамчунин ду дастаи беҳтарини ҷойҳои севум – Қазоқистон ва Молдова ба даври чорякниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Рейтинги дастаҳое, ки ба чорякфинал баромаданд, чунин аст:

1. Украина – 9 имтиёз, таносуби тӯбҳо 10-0
2. Беларус - 9 имтиёз, таносуби тӯбҳо 10-3
3. Тоҷикистон – 6 имтиёз, таносуби тӯбҳо 4-5
4. Русия – 5 имтиёз, таносуби тӯбҳо 9-5
5. Узбакистон - 5 имтиёз, таносуби тӯбҳо 5-4
6. Литва – 4 имтиёз, таносуби тӯбҳо 2-3
7. Қазоқистон – 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо 6-9
8. Молдова – 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо 2-5

Ба ин тартиб дар даври чорякниҳоӣ рӯзи 23-юми январ Украина – Молдова, Беларус – Қазоқистон, Тоҷикистон – Литва ва Русия - Узбакистон рақобат мекунанд.

Дар сурати пирӯзӣ дар даври чорякниҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нимфинал бо ғолиби ҷуфти Украина – Молдова қувваозмоӣ хоҳад кард.

Дастаҳои Латвия, Қирғизистон, Туркманистон ва Эстония барои ҷойҳои 9-12-ум мубориза мебаранд. Рӯзи 24-уми январ Эстония - Туркманистон ва Қирғизистон - Латвия бозӣ хоҳанд кард.

Мавқеи дастаҳо дар сабқати гурӯҳӣ:

Гурӯҳи “А”

Ҷ Дастаҳо Б Б М Б Гз Гх И
1. Беларус 3 3 0 0 10 3 9
2. Тоҷикистон 3 2 0 1 4 5 6
3. Латвия 3 1 0 2 1 4 3
4. Эстония 3 0 0 3 1 4 0

Гурӯҳи “В”

Ҷ Дастаҳо Б Б М Б Гз Гх И
1. Русия 3 1 2 0 9 5 5
2. Узбакистон 3 1 2 0 5 4 5
3. Қазоқистон 3 1 0 2 6 9 3
4. Қирғизистон 3 0 2 1 3 5 2

Гурӯҳи “С”

Ҷ Дастаҳо Б Б М Б Гз Гх И
1. Украина 3 3 0 0 10 0 9
2. Литва 3 1 1 1 2 3 4
3. Молдова 3 1 0 2 2 5 3
4. Туркманистон 3 0 1 2 1 7 1

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2013:

18-уми январ (ҷумъа)
1) 13:00. Гурӯҳи A. Беларус – Латвия – 3:0
2) 15:15. Гурӯҳи A. Эстония – Тоҷикистон – 0:1
3) 17:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Қазоқистон – 1:3
4) 20:00. Гурӯҳи B. Русия – Узбакистон – 2:2

19-уми январ (шанбе)
5) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Литва - 3:0
6) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Туркманистон - 2:1
7) 16:30. Гурӯҳи А. Эстония – Беларус – 1:2
8) 19:00. Гурӯҳи А. Тоҷикистон – Латвия – 1:0

20-уми январ (якшанбе)
9) 12:00. Гурӯҳи B. Узбакистон – Қазоқистон - 1 : 0
10) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Украина - 0 : 2
11) 16:30. Гурӯҳи C. Туркманистон – Литва - 0 : 0
12) 19:00. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Русия - 0 : 0

21-уми январ (душанбе)
13) 12:00. Гурӯҳи А. Беларус – Тоҷикистон – 5:2
14) 14:15. Гурӯҳи А. Латвия – Эстония – 1:0
15) 16:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Узбакистон — 2:2
16) 19:00. Гурӯҳи B. Русия — Қазоқистон — 7:3

22-юми январ (сешанбе)
17) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Туркманистон – 5:0
18) 14:15. Гурӯҳи C. Литва – Молдова - 2:0

23-юми январ (чоршанбе)
19) 12:00. 1/4 финал. Беларус - Қазоқистон
20) 14:15. 1/4 финал. Тоҷикистон - Литва
21) 16:30. 1/4 финал. Украина - Молдова
22) 19:00. 1/4 финал. Русия - Узбакистон

24-уми январ (панҷшанбе)
23) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Эстония - Туркманистон
24) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Қирғизистон - Латвия
25-уми январ (ҷумъа)
25) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
26) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
27) 16:30. Нимфинал.
28) 19:00. Нимфинал.

26-уми январ (шанбе)
29) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум.
30) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум.

27-уми январ (якшанбе)
31) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум.
32) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум.
33) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум.
34) 19:00. Финал.
21:00. Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG