Пайвандҳои дастрасӣ

Шикори пармашох аз ҷониби қочоқбарони афғон коҳиш ёфтааст


Шохи бузи пармашох

Шохи бузи пармашох

Идораи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд теъдоди бузҳои нодири пармашох дар ноҳияи Шӯрообод ғайриинтизор афзоиш ёфтааст.

Дар ҳоле ки пештар гуфта мешуд, ин бузҳо нобуд шудаанд, баъди ҳисоби онҳо ошкор гашт, ки саршуморашон назар ба чанд соли пеш афзоиш ёфта, ба беш аз ҳазор сар расидааст.

Ҳасан Амиров, сардори Идораи бозрасии ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, мегӯяд, то ин авохир шикорчиён ва кормандони онҳо аз тарси қочоқчиёни афғон дар ҳудуди мамнӯъгоҳи Дашти Ҷум озодона гашта наметавонистанд, аммо амалиётҳои пай дар пайи мақомоти интизомӣ алайҳи қочоқбарон имконият дод, то шумораи ин бузҳо дақиқ шумруда шавад. Ӯ меафзояд, дар мавзеи мушкилгузари мамнӯъгоҳи Дашти Ҷум, ки ғору шахҳои зиёд дорад, тариқи дурбин то 500 сар бузи пармашохро ҳисоб карданд: «Бехато гуфта метавонем, ки 500 сар бузи пармашох дар ҳудуди манӯъгоҳи Дашти Ҷум ҳаст. Дар муассисаву хоҷагиҳои ҷангали дигари ҳудуди ноҳия то ҳазор сар, ҳатто аз ин бештар ҳисоб карда шудааст. Мушоҳида кардем, ки шикор кам шудааст ва шумора дар ҳақиқат зиёд шудааст».

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони ҳукумати ноҳияи Шӯрообод мегуфтанд, дар баробари қочоқчиёни мусаллаҳ дар ҳифзи ин бузҳои нодир оҷиз мондаанд. Исломшоҳ Шоев, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Шӯрообод, дар нишасти тобистонаи матбуотии ҳукумати ноҳия бо ишора ба ин нукта гуфт, ки бузҳои пармашох дар остонаи нобуд шудан ҳастанд ва аз ин рӯ, бо дурага кардани насли онҳо бо бузҳои маҳаллӣ мехоҳанд, шумораи онҳоро афзоиш диҳанд. Ин масъули ҳукумати Шӯрообод тасдиқ кард, ки назорати комил ба мамнӯгоҳ ҳанӯз ҳам мушкил аст: «Мамнӯъгоҳи Дашти Ҷум дар қисмати ҷанубии ноҳия ҷойгир аст. Назорати ҳаждаҳ ҳазор гектар замини мамнӯъгоҳ, мушкил аст. Аз ин рӯ, шаҳрвандони Афғонистон ворид шуда, ҳайвоноти нодирро нобуд мекунанд. Онҳо мусаллаҳанд ва ҷангалбонҳо наметавонанд, бо онҳо сару кор гиранд».

Дар ҳамин ҳол, як шикорчии собиқадор, ки нахост номашро сабт кунем, гуфт, воқеан, дар ин ҳудуд саршумори бузҳои пармашох хеле кам шуда буд ва сабаби афзоиши он чизи дигар аст. Ба гуфтаи ӯ, ин бузҳое, ки ҳоло дар Шӯрообод ба назар мерасанд, аз он тарафи марз фирор кардаанд. Ин шикорчӣ мегӯяд, барои ӯ ҳам дидани чунин шумораи зиёди бузҳои пармашох ғайриинтизор буд. Аз ин рӯ, ӯ аз нигоҳи шикорчиён ба хулосае омадааст, ки ин шумораи бузҳо дар он тарафи марз будаанд ва дар ҳолати сахт тарс хӯрдан, аз ҳамлаи ҳавопаймо ё таркиши сахт дар ҷои зисташон ба истилоҳи шикорчиён “қаҳр карда”, ҷои зисташонро пурра тағийр додаанд.

Бузи пармашох аз нодиртарин навъи буз дар ҷаҳон дониста мешавад, ки дар Осиёи Марказӣ танҳо дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод мавҷуд аст. Ин буз яке аз нодираҳои «Китоби Сурх»-и чопи шӯравӣ буда, дар Тоҷикистон барои шикори он беш аз 20 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG