Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи Pussy Riot дар ду бахш довталаби ҷоизаи маҷаллаи мусиқии бритониёвии NME эълон шудааст. Ба иттилои Би-Би-Си, дар бахши “Қаҳрамони сол” Pussy Riot аз ҷумла бо овозхони бритониёвӣ Дэвид Боуи ва раисиҷумҳури ИМА Барак Обама рақобат мекунад.

Ҳунарнамоии гурӯҳ дар Ибодатгоҳи Масеҳи наҷотбахши Маскав, ки барои он Надежда Толоконникова ва Мария Алехина маҳкум ба зиндон шудаанд, яке аз довталабони аслии ҷоиа ар бахши “Лаҳзаи мусиқии сол” маҳсуб мешавад. Миёни довталабони ҷоизаи NME дар ин бахш – маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Лондон ва консерти гурӯҳи маъруфи Rolling Stones дар саҳнаи О2 дар Лондон низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG