Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди СММ аз онҳое, ки ба Асад ва мухолифонаш силоҳ медиҳанд


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун бо вазири умури хориҷии Сурия Валид Ал-Муаллим. Акс аз бойгонӣ.

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун бо вазири умури хориҷии Сурия Валид Ал-Муаллим. Акс аз бойгонӣ.

Созмони Милали Муттаҳид аз бархе аз кишварҳои хориҷӣ барои фиристодани силоҳ ба ҳукумати Сурия ва мухолифон, интиқод кард.

Бар Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар умури Сурия, рӯзи душанбе аз бархе аз кишваҳои хориҷие, ки барои ҳукумати Сурия ва мухолифони он силоҳ мефиристанд, интиқод карданд.

Бан Кӣ Мун ва Ахзар Ибрроҳӣ дар изҳороти худ аз ҳеҷ кишваре ном набурдаанд.

Бархе кишварҳои ғарбӣ Эрон ва Русияро ба фиристодани силоҳ барои ҳукумати Башор Асад муттаҳам мекунанд, ва дар баробар, давлати Сурия борҳо Туркия, Қатар ва бархе дигар аз кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форсро ба таъмини аслиҳа барои мухолифони ҳукумат муттаҳам кардааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи душанбе Набил Ал Арабӣ-раиси Ҷомеаи Араб гуфт, фаъолияти Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи Созмони Милили Муттаҳид ва Ҷомеаи Араб барои Сурия “самара”-е ба бор наовардааст.

Созмони Милали Муттаҳид тахмин мезанад, ки аз оғози нооромиҳо то ҳол дар Сурия беш аз 60 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG