Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Русия барои таҳияи пулҳои қалбакӣ дар Душанбе


Мақомоти тоҷик як шаҳрванди 51-солаи Русияро ба иттиҳоми таҳияи пулҳои қалбакӣ, боздошт намудаанд.

Ба иттилои Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, шаҳрванди 51 – солаи Русия дар хонаи иҷорагирифтааш дар Душанбе, асъори миллии Амрико, Тоҷикистон, Русия ва Афғонистонро омода мекардааст.

Зимни кофтукови хонаи боздоштшуда, дастгоҳи махсус ва дар ҳаҷми 550 доллари амрикоӣ, 149 сомонӣ, 1 ҳазору 150 рубли русӣ ва 30 афғонӣ пулҳои қалбакӣ дарёфту мусодира шудаанд.

Масъулини Оҷонсӣ мегӯянд, шахси боздоштшуда доғи судӣ дошта, қаблан ҳам ҷиноят содир кардааст. Ба хотири халал ворид нашудан ба раванди тафтишот, номи боздоштшуда ифшо намешавад.

Ин дар ҳолест, ки моҳе қабл мақомоти Русия аз боздошти шаҳрвандони тоҷик иттилоъ доданд, ки баробари узвият дар созмони мамнӯи “Ҳизби таҳрир”, дар таҳияи пулҳои қалбакӣ муттаҳам мешуданд. Тибқи иттилои мақомоти Русия, аз дасти муттаҳамон пулҳои қалбакӣ, аз ҷумла, як миллион доллар ва ду миллион еврои сохта, мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG