Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили мудофеи Юлия Тимошенкоро ба додгоҳ мекашанд


Сергей Власенко

Сергей Власенко

Сергей Власенко-намояндаи мардумӣ ва вакили мудофеи Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина изҳор дошт, ки дар оянда низ аз манофеи раҳбари мухолифони Украина ҳимоят хоҳад кард, бо вуҷуди он ки бар зидди худи вай низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Рӯзи душанбе Власенко гуфт, вай истисно намедонад, ки мумкин аст вайро барои дуздии мошин, авбошӣ ва иҷро накардани ҳукми додгоҳ дар робита бо талоқи вай аз занаш боздошт кунанд.

Власенко иддао мекунад, ки ин иттиҳомот асосе надоранд ва бо рақобати сиёсии Юлия Тимошенко вобаста мебошанд. Вай мегӯяд, ҷониби давлат мехоҳад бо ин кор ҳимояти ҳуқуқии хонум Тимошенкоро заъиф кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG