Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи парвандаи қотили модаре тамдид мешавад


Мӯҳлати расидагӣ ба парвандаи куштори Олга Ерамкова-модари Даниил Ермакови 5 сола аввалҳои моҳи феврали соли ҷорӣ тамдид хоҳад шуд. Дар ин куштор як шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора Анна Марусова-сухангӯи Кумитаи тафтишоти вилояти Саратов ба матбуот хабар додааст.

Даниил Ермаковро 21 сентябри соли гузашта дар сари роҳи мошингард дар наздикии ҷангали шаҳри Екатеринбург пайдо карданд. Ба гуфтаи Даниил, падархондаш вайро дар он юҷо гузоштааст ва гуфтааст, ки ба мағоза меравад ва баъд омада вайро бо худ мебарад. Вале падархондаш ғайб задааст.

6 октябр кормандони тафтишот дар деҳаи Котоврас ҷасади Олга Ермаковаро дар хонааш пайдо карданд. Вай аз зарба ба сараш ва бастани роҳи нафас ба ҳалокат расидааст.
Кумитаи тафтишот гуфтааст, ки то моҳи феврал расидагӣ ба парванда ба поён намерасад.

Ҳоло Даниили 5 сола дар шаҳри Снкт Петербург дар хонаи падари аслиаш зиндагӣ мекунад. Кумитаи тафтишот мегӯяд, агар шаҳрванди Тоҷикистон барои доднаи шаҳодат ҳозир нашавад, парвандаро ба додгоҳи Тоҷикистон хоҳанд фиристод.
XS
SM
MD
LG