Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

3 шаҳрванди Узбакистон дар марз бо Сух боздошт шуданд


Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ки шаҳрвандони Узбакистон барои убури ғайриқонунӣ аз марзи ҷазирақаламрави Сух боздошт шудаанд. Ин ҷазирақаламрав дар иҳотаи вилояти Ботканди Қирғизистон қарор дорад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи душанбе дар хабари матбуотӣ гуфт, ки се нафар 12 январ боздошт шудаанд. Онҳо ба раёсати пулиси вилояти Ботканд интиқол дода шудаанд.

Баъд аз 5-6 январи соли ҷорӣ ҳамаи посгоҳҳои марзӣ бо ҷазирақаламрави Сух баста боқӣ мондаанд. Рӯзҳои 5-6 январ дар он ҷо барои кашидани сими барқ ба посгоҳи нави марзӣ ва шинондани симчӯб байни сокинони маҳаллии Сух бо марзбонони қирғиз моҷаро бархост.

Бино ба гузоришҳо, дар ин моҷаро марзбонони қирғиз 5 сокини сухро маҷруҳ карда буданд. 30 нафар шаҳрвандони Қирғизистон гаравгон гирифта шуда буданд, вале баъд аз як рӯз аз гаравгонӣ раҳо шуданд.

Ҷениш Раззоқов-раиси вилояти Бодканд ба радиои Озодӣ гуфт, ки музокирот барои бартараф кардани вазъи пешомада ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG