Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама дар маҳзари ом савганди вафодорӣ ёд кард


Маросими савганд
Маросими савганд
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар маҳзари ом барои оғози даври дуввуми раёсати ҷумҳуриаш савганд ёд кард. Вай рӯзи душанбе дар саҳни ҳавлии Кохи Сафед савганди вафодорӣ ёд кард. Дар маросими савганд Ҷон Робертс-раиси додгоҳи олии Амрико ба Барак Обама муроҷеа кард ва чунин гуфт:

“Ҷон Робертс: Лутфан дасти ростатонро боло бардоред ва аз паси ман такрор кунед...
Ман Барак Ҳусейн Обама, ба таври расмӣ савганд ёд мекунам, ки содиқона дар мақоми Раёсати ҷумҳурии Амрико кор мекунам ва тамоми маҳорату тавононии худро ба харҷ медиҳам, то аз Қонуни Асосии Амрико дифоъ кунам. Барои ин аз худо кӯмак мехоҳам”.
Ҷрон Робертс: “Муборак шавад, ҷаноби раиси ҷумҳур”.

(Садоҳои кафзанӣ)

Обама як рӯз пеш дар маросими хусусии Кохи Сафед ба таври расмӣ тибқи Қонуни Асосии Амрико ба даври дуввуми раёсаташ оғоз кард.

Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳур низ ба таври расмӣ қабл аз Обама ба кор оғоз намуд.
Садҳо ҳазор нафар дар National Mall маросими вижаи оғози даври дуввуми раёсати Обамаро тамошо карданд. Ҷимӣ Картер ва Бил Клинтон-раисони ҷумҳури пешин дар ин маросим ба намояндагони Конгресс ва меҳмонони маросим ҳамроҳ шуданд.
.
XS
SM
MD
LG