Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Алҷазоир 37 гаравгони хориҷӣ ҷон бохтаанд


Сарвазири Алҷазоир Абдулмалик Саллол гуфт, тайи 4 рӯзи буҳрони гаравгонгирӣ дар корхонаи гази Ин Оманос 37 хориҷӣ аз 8 кишвар кушта шуда, 8 хориҷии дигар ҳанӯз беномунишон боқӣ мемонанд. Ҷангиён ҳафтаи гузашта ба ин корхона дар шарқи Алҷазоир ҳамла бурда, даҳҳо нафар, бо шумули хориҷиҳоро гаравгон гирифтанд. Саллол гуфт, ҳамаи 32 ҳамлагар аз кишвари ҳамсояи Малӣ – маҳалли амалиёти нирӯҳои Фаронса алайҳи ҷангиёни исломӣ - омада буданд, вале намояндагони кишварҳои мухталифанд. Ба гуфтаи ӯ, 29 ҳамлагар кушта ва 3 ҷангии дигар дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG