Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мурофиаи парвандаи таҷовуз дар Деҳлии нав


Дар пойтахти Ҳинд - Деҳлии нав - мурофиаи 5 марди муттаҳам ба таҷовуз ба номуси як духтар, ки баъдан дар бемористони Сингапур даргузашт, оғоз ёфт. Бовар меравад, ки ҳамин 5 мард дар миёнаи декабр он донишҷӯи 23-солаи донишгоҳи тиббиро дар дохили автобуси равон таҷовуз карда, сипас ҳамроҳи дӯсташ дар роҳ партофтанд. Ин қазия мавҷи хашму эътирозҳои гоҳо хушунатомезро дар саросари Ҳинд ба бор овард ва мақомотро маҷбур кард, ин парвандаро ҳарчӣ зудтар ба додгоҳ бирасонанд. Интизор меравад, додситонӣ барои ин 5 мард аз додгоҳ ҳукми қатл талаб кунад. Падари духтар ҳам барои гумонбарон ҳукми қатл хостааст. Гумонбари шашум, қарор аст, дар додгоҳи ноболиғон муҳокима шавад.
XS
SM
MD
LG