Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин дар Тоҷикистон бо 500 млн $ коргоҳи оҳангудозӣ месозад


Кумитаи сармоягузорӣ мегӯяд Чин ният дорад дар Тоҷикистон бо харҷи ним миллиард доллари амрикоӣ корхонаи металлургӣ бунёд кунад.

Тавре аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин нукта зимни мулоқоти раиси Кумита, Давлаталӣ Саидов бо намояндагони Корхонаи муштараки саноати куҳии Тоҷикистону Чин баррасӣ шудааст.

Намояндагони ин ширкат иттилоъ додаанд, ки то ҳол ба Тоҷикистон 150 миллион долларро ворид карда, ният доранд ояндаи наздик бо сарфи ним миллиард доллари амрикоӣ корхонаи нави металлургӣ бунёд кунанд. Сармоягузорони чинӣ изҳор доштаанд, ки дар ин корхона на танҳо коркард ва истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ, балки кислотаи сулфурӣ низ ба нақша гирифта шудааст ва бо назардошти ин, имтиёзу сабукиҳоеро, ки қонунгузории Тоҷикистон барои сармоягузорон пешбинӣ кардааст, ба баррасӣ гузоштаанд.

Давлаталӣ Саидов ба сармоягузорони чинӣ ваъда додааст, «дар доираи ваколатҳои худ онҳоро дастгирӣ намуда, ҳамкориву ҳамгироии зичро бо онҳо ба роҳ мемонад, зеро ин ба яке вазифаҳои асосию воқеии Кумитаи сармоягузорӣ дохил мебошад.»

Ин дар ҳолест, ки ширкати бритониёии Maplecroft дар гузориши нави худ дар моҳи ҷорӣ Тоҷикистонро дар радифи 20 кишвари дунё ҷо додааст, ки сармоягузорӣ дар бахши истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминии онҳо "хавфнок" дониста мешавад. Дар ин қатор Тоҷикистонро Ҷумҳурии Демократии Конго, Либия, Мянмар, Туркманистон, Венесуэла ва Боливия ҳамроҳӣ мекунанд. Ба гузориши нави Maplecroft, хавфи аз дасти сармоягузор кашида гирифтани кону маодин ва ё миллӣ кардани онҳо дар Тоҷикистон бузург аст, ки ба нафъи сармоягузорон набудааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон чунин баҳогузории ширкати Бритониёиро аз воқеият дур хонда, мегӯянд, дар бахши сармоягузорӣ дар сарватҳои табии ин кишвар ягон хавфе вуҷуд надорад ва баръакс, ширкатҳои бонуфузи дунё мисли Тетис Петролиум, ширкати фаронсавии Тотал ва ширкати чинии CNTC дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG