Пайвандҳои дастрасӣ

"ТоҷикЭйр" аз ҳукумат лағви қарзҳояшро хостааст


Ширкати давлатии ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то қарзҳои бозмонда аз замони ислоҳоти сохтории ин ширкатро лағв кунад. Фирӯз Ҳамроев, раиси “ТоҷикЭйр” рӯзи душанбе дар нишасти хабариаш гуфт, сухан дар бораи тақрибан 14 миллион доллар қарзе меравад, ки баъди таҷзияи “ТоҷикЭйр” байни фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд, “Тоҷикаэронавигатсия” ва ширкати маводи сӯхт тақсим шудаанд. «ТоҷикЭйр» дар соли 2008 бар асоси барномаи ислоҳоти сохтории соҳа ба 7 ширкати алоҳида ҷудо шуд.
XS
SM
MD
LG