Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни задухӯрд дар идораи пулиси роҳи Кобул


Задухӯрд бо чирикиҳо дар сохтмони пулиси роҳи Кобул поён ёфт. Мақомоти афғон гуфтаанд, дар ҳамлаи 21 январ, ки мошини бомбузоришуда ва ҷангиёни мусаллаҳ бо камарбандҳои интиҳориро дар бар мегирифт, 5 чирикӣ ширкат дошт. Муовини вазири дохилаи Афғонистон Абдулраҳмон Раҳмон гуфт, се чирикӣ вориди бино шуда, зинаҳоеро, ки ба қабатҳои болоӣ мебурд, хароб кардаанд ва ба амбори силоҳ роҳ ёфтаанд. Ба гуфтаи ин мақом, 3 афсари пулис кушта, 18 тан захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо бо ирсоли як паём ба матбуот Толибон ба дӯш гирифт. Ҳафтае пеш 6 маргталаб ба идораи амнияти Афғонистон дар маркази Кобул ҳамла карда буданд.
XS
SM
MD
LG