Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон тарҳи тағйирот ба қонуни интихоботи президентро рад намуд


Шӯрои Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 21 январ тарҳи тағйирот ба қонуни интихоботи президентро радд кард.

Ин тарҳ аз сӯи аҳзоби мухолиф ва созмонҳои шаҳрвандӣ таҳия гардида, ду моҳ қабл тавассути вакилони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ ба порлумон пешниҳод шуда буд.

Аммо МН, ки аксари курсиҳояш дар дасти вакилони ҳизби ҳокими халқӣ-демократист, ин тарҳро напазируфтанд. Пешниҳоди лағви тақозои ҷамъоварии имзои панҷ фоизи мардум барои сабти номзад ба далели муғоираташ бо як банди Қонуни асосӣ, ки ҷамъоварии имзоҳоро ҳатмӣ кардааст, радд шуд, чунки дар чунин сурат Қонуни асосӣ ҳам мебоист тавассути райъпурсӣ ислоҳ шавад.

Аммо нуқтаи асосии пешниҳоди мухолифон сирф аз ҳисоби намояндагони аҳзоб ташкил додани куммиссиюнҳои интихоботӣ буд, ки имкони тақаллуб ва дасткории натоиҷи райъгириро аз байн барад.

Галия Рабиева аз кумитаи сохтории парлумон қаблан гуфта буд, ки ин пешниҳод манфиати аҳзоби кӯчакро поймол мекунад, зеро онҳо тавони фиристодани намоянда ба ҳамаи 4000 ҳавзаи интихоботиро нахоҳанд дошт.

Шодӣ Шабдолов раиси ҲКТ аммо гуфтааст, ки ислоҳи қонун метавонист шароити баргузории як интихоботи шаффофу мунсифона ва демократиро дар моҳи ноябр фароҳам кунад.

Тафсилоти ҷараёни баҳси тағйирот ба қонунин интихобот дар Шӯрои МН-ро дар як тамоси телефонӣ аз Саидумар Ҳусайнӣ, вакили ҲНИ дар парлумон пурсидем.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG