Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI аз Тоҷикистон хост, ба фаъолияти "Ампаро" иҷозат диҳад


Созмони Amnesty International аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки ба масъалаи «Ампаро» расидагӣ намояд, то ин созмон ба фаъолияти худ идома диҳад. Дар баёнияи ин созмон зикр шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба озодии баён ва афкори мардум фишор меорад ва сарфи назар аз норозигиҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла намояндаи олии Иттиҳодия Аврупо Кетрин Эштон, фаъолияти созмони «Ампаро» боздошта шуд.

Додгоҳи вилояти Суғд, рӯзи сешанбеи 15-уми январ ҳалномаи додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар нисбати баҳси миёни Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» ва Раёсати адлияи ин вилоятро бетағйир монд.

Ҷунайд Ибодов, вакили мудофеи «Ампаро» дар поёни баргузории додгоҳи кассатсионӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи вилоятӣ пас аз баррасии шикояти ин созмон, қарор кард, ки «ҳалномаи додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар бораи бастани созмони "Ампаро" бетағйир монда шавад.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 24-уми октябри соли 2012 шикояти шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғд алайҳи «Ампаро»-ро баррасӣ кард қарор намуд, ки ин созмон баста шавад.

Сабаби аслии шикояти Раёсати адлияи вилояти Суғд ин буд, ки суроғаи ҳуқуқии ин анҷуман гӯё бо суроғаи воқеии дар гузоришҳои расмӣ пешниҳодшуда мувофиқат намекунад. Амалкарди додгоҳи шаҳри Хуҷанд мунҷар ба он шуд, ки «Ампаро» ба додгоҳи кассатсионӣ шикоят барад.

Созмони «Ампаро» бо таҳқиқоти пайдарпаи интиқодиаш дар заминаи поймолшавии ҳуқуқи сарбозон дар артиш, ҳодисаҳои шиканҷаву бадрафторӣ ва даъвати иҷборӣ ба хизмат маъруфият касб кардааст. Мунаққидон мегӯянд, сабаби аслии басташавии ин созмон ҳам маҳз ҳамин ифшогариҳои ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар артиши Тоҷикистон мебошад, ки ба обрӯи давлат латма мезанад.
XS
SM
MD
LG