Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи боз 23 ҷасад дар Ин Оманос


Манобеъи амниятии Алҷазоир ҳоло мегӯянд, тайи 4 рӯзи буҳрони гаравгонгирӣ дар корхонаи гази Ин Оманос дар шарқи кишвар зоҳиран дастикам 48 гаравгон кушта шуданд. Хабарҳои қаблӣ дар бораи ҳалокати танҳо 23 гаравгон сӯҳбат мекарданд, вале нирӯҳои Алҷазоир дирӯз дар дохили корхона аҷсоди боз 23 гаравгонро пайдо карданд. Ҷустуҷӯ идома дорад, чунки ҳудуди 20 гаравгон то ҳол беномунишон боқӣ мемонанд. Давлати Алҷазоир гуфт, 32 гаравгонгир ҳам кушта шудаанд. Мақомот ибтидо гуфтанд, ки ҳамаи ҷангиёни исломиеро, ки корхонаи газро тасарруф карда буданд,куштаанд, вале дирӯз эълон шуд, ки 5 тан аз онҳо боздошт шуда, 3 тани дигар, аз ҷумла созмондиҳандаи эҳтимолии ин ҳамла Мухтор Билмухтор, ки худ дар Ин Оманос ҳузур надошт, таҳти таъқиб қарор доранд.
XS
SM
MD
LG