Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабон ба пулиси Кобул


Чирикиҳо алайҳи идороти пулиси роҳ дар ғарби пойтахти Афғонистон ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаеро ба роҳ андохтаанд. Бино ба хабарҳо, набард дар Кобул, ки субҳи душанбе аз сӯи бомбгузорони маргталаб оғоз ёфта, баъди чанд соат таркиши мошини бомбгузоришударо дар пай дошт, ҳанӯз идома дорад. Раҳбари бахши тафтишоти пулиси Кобул Муҳаммад Зоҳир гуфт, «гурӯҳи террористҳо, 2, 3 ё 4 нафар, талош кардан вориди идораи пулис шаванд.» Ба гуфтаи ин мақом, «ду бомбгузор дар даромадгоҳ кушта шуд, вале яке вориди бино шуда, ба тирандозии пароканда пардохтааст.» Радиои Афғонистони Озод мегӯяд, дар ин ҳамла ду афсар кушта ва 10 тан захмӣ шудаанд. Масъулияти ҳамларо бо ирсоли як паём ба матбуот Толибон ба дӯш гирифт. Ҳафтае пеш 6 маргталаб, ҳамин тавр, ба идораи амнияти Афғонистон дар маркази Кобул ҳамла карда буданд.
XS
SM
MD
LG