Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи афроде, ки ноиби имомхатибро латукӯб карданд


Усмонбек Бобоҷонов
Усмонбек Бобоҷонов

Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ алайҳи афроде, ки Усмонбек Бобоҷонов, ноиби имомхатиби масҷиди Эсизи поёни ин ноҳияро шадидан лату кӯб кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тоҷибой Хоҷаев, муфаттиши ин парванда ба Озодӣ гуфт, "Муҳаммадризо ва Муҳаммадсаид Ризоевҳо, амаку ҷиян, сокинони деҳаи Эсизи поён аз рӯйи банди 237, “авбошӣ” – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор эълон шудаанд ва ҳоло тафтиши ин қазия давом дорад.”

Ёдовар мешавем, Усмонбек Бобоҷонов, ноиби имомхатиби масҷиди Эсизи поёни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рӯзи 22-юми декабр дар маҳали зисташ аз ҷониби чанд ҷавон шадидан латту кӯб шуда, аз мағзи сару чашми чап ҷароҳат бардоштааст ва дар бемористони вилоятӣ дар Хуҷанд муддате табобат гирифт. Мухолифати муовини имомхатиб бо гурӯҳи ҷавонони деҳа, ки шомили Кумитаи маҳалла (созмони мустақили тозатаъсис дар деҳа) будаанд аз он сар задааст, ки бе машварат бо ин ҷавонон дар деҳа бунёди масҷиди нав оғоз шудааст ва ин ба хашму ғазаби онҳо ва даст бардоштанашон ба сари имомхатиб боис шудааст.

Ноиби имомхатиб дар сӯҳбат бо “Озодӣ” латту кӯб шуданаш аз сӯи чанд ҷавонро чунин нақл кард: "Рӯзи 22-юми декабр писари ҳамдеҳаам Пир Ризоев маро барои сӯҳбат даъват кард. Вақте ба ҷойи таъингашта рафтам, вай аз паси девор ба паси сарам зад. Баъд одамони бисёр давида омаданд ва 4-5 нафари онҳо маро носазо гуфта, зери зарби мушту лагад кашиданд."

Айни ҳол Усмонбек Бобоҷонов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз табобат дар бемористони Хуҷанд ба зодгоҳаш барнагашта, ҳоло дар ноҳияи Мастчоҳ, назди пайвандонаш зиндагӣ дорад: “Ҳозир ҳам комилан сиҳат нашудам, сарчархзанӣ, дилбеҳузуриву баландшавии фишор азиятам медиҳад ва табобатро давом дода истодаам. Табибон мегӯянд, то 6 моҳ, оҳиста – оҳиста саломат мешавам.”
XS
SM
MD
LG