Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайвандони Акбари Асғарзода, маҳбуси эронӣ дар Душанбе, мегӯянд, мақомот ба хотири ҷилавгирӣ аз талошҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳояш, мехоҳанд ӯро ба беморхонаи зиндони ноҳияи Ваҳдат интиқол бидиҳанд.

Ҷалол Раҷабов, аз наздикони ин маҳбуси эронӣ, рӯзи душанбе 21-уми январ ба "Озодӣ" гуфт, ки масъулини маҳбаси мавсум ба "Якум Советский"-и Душанбе талош доранд Акбари Асғарзодаро иҷборан ба беморхонаи ноҳияи Ваҳдат (воқеъ дар маҳбаси Кирпичний) интиқол диҳанд, то ӯ дигар барои ҳифзи ҳуқуқҳояш садо баланд накунад.

Қаблан ин маҳбуси эронӣ бо нишони эътироз аз ҳукми додгоҳ гуруснанишинӣ эълон карда буд. Ӯ аз ҳукми Додгоҳи олӣ, ки ӯро дар моҳи июни соли 2012 барои "тамаъҷӯӣ" дар фаъолияти тиҷоратиаш ба 8 соли зиндон маҳкум кард, изҳори норозигӣ намуд. Аммо Асғарзода мехоҳад, парвандаи вай аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон мунсифона ва аз нав баррасӣ шавад. Вай ду ҳафта қабл бо ҳуруфи кириллӣ ба Додгоҳ нома ирсол дошта, мунтазири посух буд, аммо то ҳол аз ҷониби Додгоҳи олӣ ҷавобе ба ӯ нарасидааст.

Дар Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯянд, ки бо имзои Акбари Асғарзода ҳанӯз номае ба додгоҳ ворид нашудааст.

Дар ҳамин ҳол Акбари Асғарзода дар номаи эътирозии худ ба маъмурияти маҳбасҳо, додгоҳ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо зикр кардааст, ки панҷ моҳ дар боздоштгоҳи шумораи яки шаҳри Душанбе ба сар бурда ва сипас парвандааш бидуни ширкати вакили мудофеъ, намояндагони кишвари худаш ва тарҷумон баррасӣ гардидааст.

Оқои Асғарзода меафзояд, ки ӯ бемор аст ва дар шароити бисёр сангин дар зиндон ба сар мебарад. Дар номаи вай омадааст, ки "саратони хун дорам ва доруи маро ба ман намедиҳанд. Тайи шаш моҳ ғизои дуруст ҳам нахӯрдам, фақат суп медиҳанд, ки гӯшту сабзӣ надорад".

Акбари Асғарзода таъкид мекунад, ки ҳудуди даҳ нома ба мақомоти мухталифи давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ирсол намуда, вале посухе дарёфт накардааст.

Як намояндаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки ҷаноби Асғарзода ба бархе аз сокинони Тоҷикистон ва эрониҳое, ки мехостанд ба Аврупо бираванд, омода кардани «визаи шенген» ва дигар асноди зарурӣ барои сафарро ваъда намуда, вале ба қавлаш вафо накардааст. Ва шикояти зиёди мардуми фиребхӯрда ба додгоҳҳои Тоҷикистон расиданд ва кори ӯ ба додгоҳ кашида шуд. Аммо оқои Асғарзода инро туҳмат медонад ва комилан рад мекунад.

Бино ба иттилои Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон, ҳоло дар маҳбасҳои Тоҷикистон наздик ба 20 нафар аз шаҳрвандони Эрон бо ҷурмҳои мухталиф, аз ҷумла фасоди молӣ ва тақаллубкорӣ зиндонӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG