Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама савганди расмӣ ёд кард


Рӯзи якшанбе Барак Обама, ба ҳайси раиси ҷумҳури Амрико савганди расмӣ савганд ёд кард ва даври дуввуми раёсати ҷумҳуриаш дар ин кишвар оғоз шуд. Бар асоси Қонуни Асосии Амрико, раиси ҷумҳури нав рӯзи 20 январ савганд ёд мекунад ва маросими имрӯза дар Кохи Сафед ва дар доираи маҳдуд баргузор мешавад. Рӯзи душанбе Барак Обама дар мазҳари ом ва дар назди бинои Конгресси Амрико савганд ёд мекунад ва интизор меравад, дар инҷо тақрибан 800 ҳазор нафар ҷамъ оянд. Барак Обама дар рӯзҳои истироҳат дар Рӯзи хидматгузорӣ дар Амрико ба хотири ташвиқи мардум барои корҳои хайр, ҳамроҳи хонаводааш ба як мактаби ибтидоие рафта, дар рангубори он кӯмак кард.
XS
SM
MD
LG