Пайвандҳои дастрасӣ

Умедвории раиси ҷумҳури Арманистон аз интихобот


Серж Саркиссиён мегӯяд, номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурро на душман, балки рақибони сиёсиаш медонад.

Серж Саркиссиён мегӯяд, номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурро на душман, балки рақибони сиёсиаш медонад.

Раиси ҷумҳури Арманистон дар ин бора зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши армании Радиои Озодӣ дар шаҳри Тсагкадзор сухан гуфт. Раҳбари ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи Арманистон гуфт, “парвариши” рақибон кори ҳукумат нест ва афзуд, кори ҳукумат, фароҳами кардани шароит барои интихоботи одилона аст:

“Ман бо онҳое мувофиқ нестам, ки мегӯянд, дар интихобот рақибони қавӣ нестанд ва ё афроде нестанд, ки раъйи қобили таваҷҷӯҳро соҳиб шаванд. Кӣ гуфтааст, ки Рафӣ Ҳованисиён, Ҳрант Багратиён ва ё Парюр Ҳайрикиён, ки собиқаву лаёқат доранд, рақибони қавӣ нестанд ва ё таҷрибаи баҳсу сӯҳбат дар назди омро надоранд?”

Серж Саркиссиён барои даври дуввуми панҷсолаи раёсат ҷумҳурӣ дар Арманистон дар интихоботи рӯзи 18 феврал ширкат хоҳад кард. Дар ин корзори муҳими сиёсӣ, ӯ ҳафт рақиб дорад, аз ҷумла Рафӣ Ҳованисиён, вазири собиқи умури хориҷӣ, Ҳрант Багратиян, нахуствазири собиқ ва Париюр Ҳайрикиян, як дигарандеши замони шӯравии собиқ дар интихобот ширкат мекунанд. Ҳамаи инҳо, шеваҳои раҳбарии Серж Саркиссиёнро танқид мекунанд.


Раиси ҷумҳури Арманистон таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи гузашта ва ҳозираро на душман, балки рақибони худ мешуморад:

“Муборизаи мо ҳамеша барои чизе будааст. Мо ҳамеша барои идеяҳои худ мубориза кардаем, на инки хатову заъфҳои дигаронро нишон бидиҳем. Фазои интихоботи оянда ҳам чунин хоҳад буд. “

Баъди онки бисёре аз гурӯҳҳои умдаи мухолифини давлат дар Арманистон охири соли гузашта гуфтанд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат намекунанд, назари умум дар Арманистон ин аст, ки Серж Саркиссиён бешаку шубҳа дар интихобот пирӯз мешавад. Шӯрои Миллии Арманистон ва Арманистони Шукуфо, ду ҳизби бузури сиёсии мухолифи давлат гуфтаанд, ки номзадеро ба интихобот пешбарӣ намекунанд ва аз ҳеҷ яке аз номзадҳо низ тарафдорӣ нахоҳанд кард. Айни ҳаминро Ҷабҳаи Инқилобии Арманистон низ эълом кардааст.

Шӯрои Миллии Арманистон ва Ҷабҳаи Инқилобӣ гуфтаанд, ки ҳукумат шароити баробарро барои рақобат дар интихобот фароҳам накардааст. Мавқеъи Ҳизби Арманистони Шукуфо маълум нест. Ҳеҷ яке аз ин аҳзоби мухолиф ошкоро касеро ба таҳрими интихобот даъват накардаанд.
XS
SM
MD
LG